Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ню Йорк қурбониёни бозмондаро ҷустуҷӯ мекунанд


Мақомоти шаҳри Ню Йорк дар рӯзҳои наздик ҷустуҷӯи бозмондагони ҳамлаи террористии 11 сентябри соли 2001-ро аз сар мегиранд. Рӯзи чаҳоршанбе дар наздикии бинои харобшудаи Маркази ҷаҳонии тиҷорат пораи яке аз ҳавопаймоҳоеро пайдо карданд, ки ба бинои ин марказ бархӯрда буд.

Мақомоти Ню Йорк гуфтаанд, ки ҷустуҷӯро рӯзи сешанбе аз сар мегиранд, вале пеш аз он маҳал бояд барои таъйини олудагӣ бо маводи заҳрогин бозрасӣ шавад.

Ҳоло пулис маҳаллеро, ки пораи ҳавопаймо пайдо шудааст, ба ҳалқаи муҳосира даровардааст.
XS
SM
MD
LG