Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯҳбати фаъолона, вале бидуни пешрафти НАТО бо Русия


Дабири кулли НАТО Андерс Фоғ Расмуссен гуфт, нишасти имрӯзаи Шӯрои НАТО-Русия дар Брюссел “гуфтугӯи фаъолонае дошт”, вале бидуни пешрафти қобили мулоҳизае дар масъалаи ҳассоси сипари мушакӣ анҷом ёфт. Нишасти вазирони хориҷаи НАТО дар Брюссел доир шуд ва дар он вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров низ ширкат дошт. Вазирони НАТО қаблан вазъи Сурияро баҳс карданд ва Расмуссен гуфт, аъзои паймони низомӣ ҷиҳати дифоъ аз тамоми аъзояш, бо шумули Туркия тааҳҳуд супурданд. Ӯ афзуд, НАТО аз имкони истифодаи силоҳҳои кимиёӣ дар Сурия шадидан нигарон аст. Лавров дар Брюссел бо ҳамтои амрикоияш Ҷон Керрӣ низ мулоқот кардааст.
XS
SM
MD
LG