Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти НАТО: Аз Афғонистону Корея то Сурия


Нишасти имрӯзаи вазирони хориҷаи НАТО дар Брюссел рӯи баҳси масоили Афғонистон ва тарҳи шабакаи дифоъи мушакӣ тамаркуз мекунад. Вазирон нақшаи хуруҷи бахши аъзами нирӯҳои ҷангии байналмилалӣ аз Афғонистон то поёни соли 2014 ва идомаи кумакҳои эътилоф ба Кобул сар аз соли 2015-ро баррасӣ мекунанд. Интизор меравад, вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров низ бо нигаронии Маскав аз тарҳи шабакаи зиддимушакии пешниҳодии Амрико дар нишаст ширкат кунад.
Қабл аз нишаст дабири кулли НАТО Андерс Фоғ Расмуссен гуфт, ин паймони низомӣ бо Лавров вазъи нимқораи Корея ва Сурияро низ баҳс хоҳад кард. Нишасти Шӯрои НАТО-Русия ҳамчунин ба нақши Русия дар таъмини роҳҳои транзити таҷҳизоте, ки бояд аз Афғонистон берун кашида шавад ва ҳам ба ваъдаи Маскав барои таъмини чархболҳо ба Кобул ва тамрини халабонҳои афғон хоҳад пардохт.
XS
SM
MD
LG