Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи муттаҳам ба бомбгузории Бостон ҷиддӣ будааст


Мақомоти Амрико мегӯянд, Ҷоҳар Тсарнаев муттаҳам ба бомбгузорӣ дар шаҳри Бостон ҳанӯз ҳарф зада наметавонад ва вазъи сиҳатиаш ҷиддӣ боқӣ мемонад. Ҷавони 19-солаи чеченро рӯзи ҷумъа дар шаҳри Вотертавн ва баъди муқовимати мусаллаҳонааш бо маъмурони пулис дастгир карданд. Айни замон дар шифохонае дар Бостон нигаҳ медоранд ва посбонони зиёде ҳам дар онҷо гузоштаанд. Бародари 26-солаи Ҷоҳар, Темирлан рӯзи панҷшанбе дар даргирӣ бо пулис кушта шуд. Ҳоло маълум нест, ки Ҷоҳар Тсарнаев чӣ гуна иттиҳом эълом хоҳанд кард. Дар бомбгузорӣ дар дави марафонии шаҳри Бостон дар рӯзи душанбе, 3 нафар кушта ва 176 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, гуфтааст, суолҳои зиёде дар бораи бомбгузорӣ вуҷуд дорад ва аз ҷумла инки, оё ба ин ду бародари чечен дар анҷоми ҳамла дигарон кӯмак кардаанд, ё на?
XS
SM
MD
LG