Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маргарет Тетчер дар Лондон ба хок супурда шуд


Маросими дафни Маргарет Тетчер-нахуствазири пешини Британия дар Лондон ба поён расид. Элизабет-маликаи Британия ва баъзе шахсиятҳои муътабари байналмиллалӣ дар ин маросим ширкат ҷустанд.

Маргарет Тетчер, ки бо номи мустаори “бонуи оҳанин” машҳур буд, аз соли 1979 то соли 1990 мақоми нахуствазирии Британияро бар уҳда дошт. Вай то ҳол ягона хонуми нахуствазир дар ин кишвар будааст.

Маросими расмии дафн дар калисои Поли муқаддас баргузор шуд ва дар он бештар аз 2 000 нафар ширкат доштанд. Дар миёни онҳо Дэвид Камерон-нахуствазири Британия ва вазирони пешини Амрико Ҳенрӣ Киссинҷер, Ҷорҷ Шултс ва Ҷеймс Бейкер низ буданд.

Тетчер 8 апрел дар синни 87 солагӣ даргузашт.
XS
SM
MD
LG