Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Бруссел музокироти Сербистону Косово шуруъ шудааст


Кэтрин Эштон
Кэтрин Эштон
Кэтрин Эштон-масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо бо Ивича Дачич-нахуствазири Сербистон ва Ҳошим Тачӣ-нахуствазири Косово мулоқоти алоҳида анҷом медиҳад.

Баъд аз мулоқотҳои хонум Эштон ин ду нахуствазир бо ҳам мулоқоти рӯ ба рӯ анҷом медиҳанд. Иттиҳодияи Аврупо бояд таҳқиқ кунад, ки Сербистон барои узвият дар ин иттиҳодия ба музокирот омода аст. Ҳамчунин бояд рӯшан шавад, ки Косово барои таъмини субот ва ҳамкорӣ ба музокирот омода бошад.

Косово соли 2008 истиқлоли давлатии худро эълон кард, вале Сербистон ин истиқлолро ба расмият намешиносад. Ҳафтаи гузашта Сербистон созишномаи барқарории муносибот бо Косоворо имзо накард. Ин созишнома бо миёнҷигарии Иттиҳодияи Аврупо омода шуда буд.
XS
SM
MD
LG