Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ZTE дар Тоҷикистон ҳузури худро тақвият мебахшад


Имрӯз, 17-уми апрел, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ бо ширкати ZTE-и Чинро имзо кард.

Дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдо 17 апрел иттилоъ дод, ки ёддошти ҳусни тафоҳумро аз ҷониби Тоҷикистон Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдо ва аз ҷониби Чин ноиби президенти ширкати ZTE Сун Ченг ба имзо расониданд.

Бояд гуфт, ки соҳаи телекоммуникатсия яке аз самтҳои пешрафтаи бахши ҳамкории ширкати ZTE бо Тоҷикистон мебошад. Ширкати мазкур тӯли чандин солҳо дар бозори Тоҷикистон фаъолият намуда, бо ширкатҳои мобилии ин кишвар ва ҳам бо муассисаҳои давлатӣ оид ба мухобирот ҳамкории зич дорад.

Дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдо мегӯяд, ки дар доираи имзои санади ҳусни тафоҳум ширкати ZTE як миқдор таҷҳизот барои ҷорӣ кардани низоми видеоконференсияро ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо пешниҳод хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG