Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарзи хориҷии Тоҷикистон 43 миллион камтар шуд


Қарзи хориҷии Тоҷикистон дар семоҳаи аввал 43, 66 миллион доллар коҳиш ёфта, вале боз ҳам 2 миллиарду 125 миллион долларро ташкил медиҳад. Хабаргузориҳо аз қавли вазорати молия мегӯянд, ки ин рақам баробари 25,2 дарсади маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон аст. Имсол дар маҷмӯъ дар будҷаи давлатӣ барои баргардондани қарзҳои кишвар 100,4 миллион доллар ва барои хидматрасонии ин қарзҳо 33,6 миллион доллар пешбинӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG