Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз ду ҳодисаи зукоми мурғӣ дар Чин


Чин эълон кард, ки дар вилояти марказии Ҳенан ду ҳодисаи сирояти зукоми мурғиро кашф кардааст. Хабаргузории Синҳуа рӯзи якшанбе иттилоъ дод, ки яке аз беморон, ки 34-сола аст, дар вазъи ҷиддӣ ба шифохона интиқол ёфтааст, аммо ҳоли беморӣ дуюм, ки 65-сола аст, ки нисбатан устувортар аст.

Шаҳодате пайдо нашудааст, ки ин ду ҳодиса ба ҳам иртибот доранд. Рӯзи шанбе як навраси ҳафтсолаи чинӣ бо зукоми мурғӣ бистарӣ шуда буд. Волидайни ин наврас фурӯшандаи парранда будаанд.
XS
SM
MD
LG