Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба таърихи 26 апрел паёми солонаро ба порлумони кишвар ироа мекунад. Тибқи иттилои дафтари матбуоти порлумони Тоҷикистон, паёми раиси ҷумҳур ба порлумон дар иҷлосияи муштараки Маҷлиси намонядагон ва Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олӣ сурат мегирад. Ба ин далел Маҳмадсаиди Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон қарор кард, ки иҷлосияи муштараки порлумон рӯзи 26-уми апрел дар шаҳри Душанбе даъват карда шавад. Ин манбаъ афзуд, ки дар ин иҷлосияи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни ироаи паёми солона, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро матраҳ хоҳад кард.