Расонаҳои давлатии Эрон иттилоъ медиҳанд, ки бар асари зилзилаи нерӯманд дар ҷанубу ғарби ин кишвар камаш 32 нафар ба ҳалокат расида, 850 каси дигар захм бардоштаанд. Пажӯҳишгоҳи заминшиносии ИМА изҳор намудааст, ки маркази ин зилзилаи баробар 6,3 дараҷаи сенаки Рихтер дар 89 километрии ҷанубу ғарби Бушаҳр дар наздикиҳои ягона нерӯгоҳи ҳастаии ин кишвар ҷойгир будааст. Мансабдорони эронӣ мегӯянд, ки бар асари заминларза нерӯгоҳи ҳастаӣ осеб надидааст. Тибқи пешбиниҳо дар манотиқи офатзада то 10 ҳазор нафар иқомат доранд. Ҳилоли Аҳмари Эрон ба минтақаи офат гурӯҳҳои наҷотро ирсол намудааст.