Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду хатсайри нави "Тоҷикэйр"


Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷикэйр» ду хатсайри нав ба самти «Хуҷанд- Бишкек –Хуҷанд ва Хуҷанд-Алмаато-Хуҷанд»-ро ифтитоҳ кардааст. Лола Кенҷаева, сухангӯи ин ширкат рӯзи 8-уми апрел ба «Озодӣ» гуфт, «Тоҷикэйр» ду хатсайр ифтитоҳ кардааст, ки дар даҳаи дуввуми моҳи апрел нахустин парвозҳои худро анҷом хоҳанд дод. Нахустин парвоз ба Бишкек рӯзи 13-уми апрел бо ҳавопаймои МА-60, сурат гирифта нархи билет аз як ҷониб ба 100 евро баробар аст. Парвоз дар хатсайри «Хуҷанд - Алмаато - Хуҷанд» рӯзи 16-уми апрел оғоз шуда, нархи чипта аз як ҷониб 100 евро арзиш дошта, сешанбеи ҳар ҳафта амалӣ мешавад.

Лола Кенҷаева, сухангӯи «Тоҷикэйр» мегӯяд, ки қабл аз боз кардани хатсайр ҳатман масъалаи молии онро, ки сарфу харҷи худро пӯшиш дода метавонад ё не, мадди назар гирифта мешавад. Вай меафзояд, ки парвози Душанбе-Боку ифтитоҳ карда шуд, вале бинобар кам будани мусофирон, парвозҳо дар ин масирро қатъ карданд. Ширкати «Тоҷикэйр» ва Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе сабаби аслии гаронии нархи чиптаҳои парвозҳоро дар гарон будани нархи керосин медонанд. Ҳоло ба унвони мисол ширкати «Тоҷикэйр» барои 1 тонна карасин 1800 доллари амрикоӣ харҷ мекунад.
XS
SM
MD
LG