Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ислом Каримов ҳокими вилояти Тошкандро барканор кард


Ислом Каримов, президенти Узбакистон, Рустам Холматов, раиси ҳукумати вилояти Тошкандро аз вазифааш сабукдуш кард. Торнамои Вазорати корҳои хориҷаи Узбакистон рӯзи 2-юми апрел иттилоъ дод, ки Ислом Каримов бо судури як фармон рӯзи душанбе ҳокими вилояти Тошканд Рустам Холматовро барканор кард. Ӯ дар таърихи 15-уми январи соли 2010 ба ин вазифа таъин шуда буд.

Баъди боло гирифтани сару садоҳо дар бораи ба сактаи қалб гирифтор шудани Ислом Каримов дар як ҳафтаи пеш, ин аз ҷумлаи хабарҳои расмиест, ки саломат будани ӯро таъйид мекунанд. Баъди рақсидан дар ҷашни Наврӯз дар рӯзи 19 март, Ислом Каримовро дигар дар мазҳари ом надиданд ва баъди ин гурӯҳҳои мухолифи давлат дар хориҷ аз Узбакистон гуфтанд, ки ӯ ба сактаи дил гирифтор шудааст.
Гулнора Каримова, духтари Ислом Каримов низ дар саҳифаи худ дар Твиттер навишт, ки овозаҳо дар бораи бемории падараш, “талош барои табоҳ кардани зиндагии дигарон аст”. Ислом Каримови 75-сола, аз замони суқути шӯравӣ то кунун 25 сол аст, ки Узбакистонро идора мекунад.
XS
SM
MD
LG