Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наврӯзи тоҷикон дар аёлати Небраскаи Амрико


Дур аз ватан дар аёлати Небраскаи Амрико ҷамъияти тоҷикон Наврӯзро ҷашн гирифтанд. Ин ҷамъият дар суфуфи худ 700 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро муттаҳид кардааст. Нуриддин Шамсов-сафири Тоҷикистон дар Амрико, ки дар шаҳри Омаҳа-маркази ин аёлат бо ҷамъияти тоҷикон мулоқот кард, ба радиои Озодӣ гуфт:

"Бахши бузурги ин ҷамъиятро донишҷӯёни донишгоҳҳои шаҳрҳои Омаҳа, Линколн ва хонаводаҳои тоҷикон ташкил медиҳанд. Хонаводаҳои онҳо асосан бо соҳибкорӣ машуғуланд”.

Оқои Шамсов мегӯяд, ҷамъияти тоҷикони ин аёлат бо номи “Иттиҳодияи Амрико-Тоҷикистон” соли 2010 ташкил шудааст ва дар дар атрофи худ тоҷиконро ҷамъ кардааст. Ин ҷамъият ҳоло бо сафорати Тоҷикистон дар Вошингтон ҳамкорӣ мекунад.

Сафири Тоҷикистон дар аёлати Небраска бо аъзои Конграи Амрико аз ин аёлат ва бо ду шаҳрдор, яъне шаҳрдори Омаҳа ва шаҳрдори Линколн масъалаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, аз ҷумла ҳамкорӣ барои эҷоди фановариҳои муосир дар риштаи коркарди фаровардаҳои кишоварзӣ ва имкони сармоягузориҳои соҳибкорони Небраска дар бахшҳои мухталифи Тоҷикистонро баррасӣ кард.
XS
SM
MD
LG