Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Покистон дар талоши идомаи ҷанг дар Афғонистон аст"


Кобул мегӯяд, Исломобод саъй дорад, ки талошҳои сулҳ дар Афғонистон ноком шавад.

Ҳукумати Афғонистон рӯзи панҷшабе Покистонро ба он муттаҳам кард, ки гӯё ин кишвар талошҳои хотимаи ҷанги ёздаҳсола бо Толибонро халалдор мекунад. Покистон ки солҳои 1996-2001 аз режими Толибон ҳимоят мекард, дар гуфтугӯҳои сулҳи давлати Афғонистон бо Толибон нақши калидӣ дорад.

Дар моҳҳои ахир робитаҳои ду кишвар беҳбуд ёфта буд ва Бритониё раҳбарони ин ду кишварро ба Лондон даъват кард, то дар амри бозгашти сулҳ ба Афғонистон то соли 2014, ҳамкорӣ намоянд.

Аймал Файзӣ, сухангӯи раиси ҷумҳури Карзай мегӯяд: "Покистон аз раванди сулҳи Афғонистон даст бардоштааст ва барои розӣ сохтани Толибон ба сулҳ, шартҳое гузоштааст, ки қабул кардани он мумкин нест."

Аймал Файзӣ ба хабаргузории Фаронса гуфтааст: «То нишасти сеҷонибаи ахир дар Лондон, корҳо ба хубӣ ба пеш мерафт. Мо ҳам орзуманд будем, вале зуд ошкор шуд, ки Покистон мавзеъгирии худро тағйир дода ва сулҳ дар Афғонистон дигар дар авлавияти кори ин кишвар қарор надорад.»

Сухангӯи раёсати ҷумҳури Афғонистон зимни ишора ба шартҳои Покистон аз ҷумла гуфт: «Онҳо аз мо мехоҳанд, ки робитаи худ бо Ҳиндро қатъ кунем, афсарони артиши миллиро барои омӯзиш ба Покистон бифиристем ва паймони ҳамкории стратегӣ бо ин кишварро имзо кунем.»

Оқои Файзӣ пазируфтани ин хостаҳои Исломободро номумкин хонд, зеро ба гуфтаи вай, Ҳинд аз муттаҳидони бисёр наздики Афғонистон буда ва агар ҳар низомии афғон дар Покистон омӯзиш бинад, пас аз баргашт ба кишвар ҷосус пиндошта мешавад.

Ӯ дар бораи паймони ҳамкории стратегӣ бо Афғонистон гуфт: «Агар мо паймони ҳамкории стратегиро бо Покистон имзо кунем, мардуми Афғонистон моро сангсор хоҳанд кард, чун онҳо медонанд, интиҳориҳое, ки мардуми Афғонистон мекушанд, аз Покистон меоянд.»

Ҳукумати Афғонистон дар эътироз ба ҳамлаҳои мушакии ахири артиши Покистон ба вилояти Кунар, рӯзи чаҳоршанбе сафари ҳайати ёздаҳнафари низомиёни афғон ба шаҳри Кувайтаро лағв кард. Ин иқдоми Афғонистон нишонае аз таниш дар равобити ду кишвар хонда мешавад. Покистон гуфтааст, ки Афғонистон дар вокуниши худ дар баробари як ҳодисаи маъмулӣ, сахтравӣ кардааст.

Қабл аз ин, конфронси моҳи гузаштаи уламои мазҳабии Покистон ва Афғонистон ба сабаби ихтилофоти ду тараф, лағв шуда буд, зеро ҷониби Покистон ба барномаҳои ин конфронс эътироз карда буд. Аллома Тоҳир Ашрафӣ, раиси Шӯрои уламои Покистон гуфта буд, дар конфронсе, ки Толибон иштирок надошта бошанд, саҳм намегиранд.
XS
SM
MD
LG