Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Cуқути ду чархбол дар фазои Берлин


Дар фазои шаҳри Берлин ду чархбол ба ҳам бархӯрданд, ки бар асари ин як кас ба ҳалокат расид ва чанд нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Ҳодиса дар шароити ҳавои номусоид ба вуқӯъ пайваст.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, чархболҳо дар болои варзишгоҳи олимпӣ, ҳангоми тамринҳои полис оид ба баргузории амалиёт алайҳи мухлисони авбош, ба ҳам бархӯрданд.

Соли 1936 раҳбари Олмони фашистӣ Адолф Ҳитлер дар ин варзишгоҳ маросими муҷаллали ифтитоҳи Бозиҳои олимпиро доир карда буд.
XS
SM
MD
LG