Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Попи нав бо номи Франсис ба фаъолият шурӯъ кард


Попи нави Рум Франсис
Попи нави Рум Франсис
Попи Рум бо номи Франсис пас аз маросиме ба таври расмӣ дар Ватикан ба иҷрои вазифаҳои худ оғоз кард. Франсис попи 266-ӯми калисои католикҳои Рум ба шумор меравад.

Дар маросиме, ки рӯзи сешанбе дар майдони Питери Муқаддаси Ватикан баргузор шуд, раҳбарони кишварҳо ва мазҳабҳо ширкат ҷустанд.

Дар ҷараёни маросими вижа Франсис зангуларо ба садо даровард ва шоли гарданро ба худ овехт ва ин кор гувоҳӣ медиҳад, ки вай сарварии 1,2 миллиард католик дар ҷаҳонро бар ӯҳда гирифтааст.

Дар миёни раҳбароне, ки дар ин маросим ширкат ҷустанд, Кристина Кришнер-раиси ҷумҳури Аргентина, яъне зодгоҳи поп Франсис, Ангела Меркел-нахуствазири Олмон, Ҷо Байден-муовини раиси ҷумҳури Амрико ва дигарон буданд.
XS
SM
MD
LG