Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров: "НАТО дар мавриди маъмурияташ ба Шӯрои амният гузориш диҳад"


Сергей Лавров - вазири корҳои хориҷии Русия
Сергей Лавров - вазири корҳои хориҷии Русия

Русия мехоҳад, ки нерӯҳои байналмилалӣ пеш аз Афғонистонро тарк кардан ба Шӯрои амнияти СММ гузориш диҳанд.

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, пас аз гуфтугӯ бо мақомоти бритониёӣ дар Лондон ба хабарнигорон гуфт, нерӯҳои байналмилалӣ пеш аз ин ки Афғонистонро тарк кунанд, бояд аз маъмурияташон дар Афғонистон гузориши мукаммалеро ба Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ироа кунанд.

Хабаргузории Интерфакс менависад, Лавров рӯзи чоршанбе ба хабарнигорон гуфт, нерӯҳои ISAF бар асоси тасмими Шӯрои амнияти СММ ба Афғонистон рафтаанд ва ин тасмим маъмурияти онҳоро дар Афғонистон бунёд гузоштааст.

Ба гуфтаи Лавров, акнун ки ин нерӯҳо мехоҳанд амалиёташонро дар Афғонистон маҳдуд созанд, бояд аз чигунагии такмили маъмурияташон ба Шӯрои амнияти СММ гузориш диҳанд. Ба назари вазири корҳои хориҷии Русия, то чӣ ҳад такмил шудани маъмурияти ин нерӯҳоро бояд Шӯрои амният арзёбӣ кунад.

Ҳамзамон бо ин, Сергей Шойгу, вазири дифои Русия, дар Лондон баъд аз мулоқот бо мақомоти бритониёӣ ба хабарнигорон гуфт, Русия мутамоил аст, ки баъд аз хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон дар соли 2014 барои таъмини амнияти Русия ва кишварҳои Осиёи Миёна тадобиреро рӯи даст гирад.

Хабаргузории Интерфакс ба нақл аз вазири дифои Русия менависад, ки вазъи Афғонистон баъди соли 2014 мавзӯи баҳси алоҳида аст: «Мо пас аз хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон чанд тадобири амниятиро рӯи даст хоҳем гирифт. Мо мебинем, ки Русия ва кишварҳои узви Созмони амнияти дастаҷамъӣ ба чӣ хатароте ва таҳдидҳое рӯбарӯянд.»

Ба гуфтаи вазири дифои Русия, қарор аст, сари ин мавзӯъ зимни баргузории як конфронс гуфтугӯ ва баҳс сурат бигирад. Ба таъкиди вазири дифои Русия, ин конфронс дар моҳи майи соли ҷорӣ баргузор мешавад, ки дар он масоили Афғонистон бо иштироки вазирони дифои кишварҳои аъзои НАТО ва Созмони амнияти дастаҷамъӣ баррасӣ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG