Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Попи нави Рум интихоб шуд


Шоми имрӯз аз дудбарои намозхонаи Сикстина дар Ватикан дуди сафед берун шуд ва ин маънои онро дорад, ки Попи нави Рум интихоб шудааст. Чанд лаҳза пеш аз ибодатгоҳи Петри Муқаддас гвардиёчиёни шветсарӣ баромада дар қаровули фахрӣ дар майдон қарор гирифтанд.

Интихоби Попи Рум аз сӯи 115 каррдинал, ки аз 1,2 миллиард пайравони калисои католикӣ намояндагӣ мекунанд, комилан махфӣ ва пушти дарҳои баста сурат гирифт. Ҳанӯз номи Попи нави Рум эълон нашудааст. Аз ин пеш расонаҳои хабарӣ навиштаанд, ки се номзади эҳтимолӣ – кардинали итолиёвӣ Анҷело Скола, кардинали бразилиягӣ Одило Шерера ва кардинал аз Канада Марк Уэлл шонси Попи Рум шуданро доранд.

Попи пешини Рум Бенедикти 16 моҳи гузашта ба истеъфо рафт ва аз ин баъд чун Попи фахрӣ боқӣ хоҳад монд.
XS
SM
MD
LG