Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Фасод як падидаи иҷтимоӣ" ба милисаҳо омӯзонида мешавад


Академияи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба Дафтари намояндагии Бунёди Авруосиё-Осиёи Миёна дар Тоҷикистон барои таҳвили китоби «Фасод як падидаи иҷтимоӣ» ташаккур кардааст. Раҳбари Академияи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон Розиқзода Ҳакими Шералӣ гуфтааст, ки ин китоб дар барномаи дарсии Академияи вазорат ҷой дода шуда ва ба милисаҳо омӯзонида мешавад. Китоби мазкур иборат аз таҳлилҳо, матни аснод ва ҳуҷҷатҳои байналмиллалӣ дар ростои мубориза бо фасод мебошад, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст. Ин китоб ҷанбаи иттилоотӣ дошта ва ба таври умум барои мардуми маҳалӣ ва афроде, ки дар бахши мубориза бо фасод сарукор доранд, пешбинӣ шудааст. Китоб ба қалами номзади илмҳои ҳуқуқ Азимҷон Сайфиддинов таааллуқ дорад, ки бо таҷрибаи зиёди корӣ дар ниҳодҳои давлатӣ, ҳамакнун менеҷери Дафтари намояндагии Бунёди Авруосиё-Осиёи Миёна дар Тоҷикистон мебошад.
XS
SM
MD
LG