Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти мақомоти марзбонии тоҷику қирғиз паси дарҳои баста


Дар нимаи дувуми рӯзи сешанбе мулоқоти фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон Шералӣ Мирзоев ва муовини аввали нерӯҳои марзбонии Қирғизиcтон Токон Мамитов дар шаҳри Исфара дар шимоли Тоҷикистон оғоз шуд.

Ғиёсиддин Эҳсонов, намояндаи Тоҷикистон дар вилояти Ботканди Қирғизистон, рӯзи 13 март ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки мулоқоти Шералӣ Мирзоев, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон бо Токон Мамитов, муовини аввали фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Қирғизистон, тақрибан дар соати 14:30 паси дарҳои баста оғоз шуд ва то ҳоло (соати 17:00 ба вақти маҳаллӣ) идома дорад.

Ба гуфтаи Ғиёсиддин Эҳсонов, дар мулоқоти мазкур ба ҷуз ин ду нафар ягон намояндае аз ниҳоди дигари кишварҳо ширкат надорад. Ба эҳтимоли зиёд дар ин дидор масъалаи таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши марзбонии ду кишвар баррасӣ мешавад.

Ғиёсиддин Эҳсонов мегӯяд, ҳарчанд гуфта мешавад, ки дар ин мулоқот масъалаи мавзеъҳои мавриди баҳси комиссияи байниҳукуматии ду кишвар ва ташхиси марз мавриди гуфтугӯст, аммо фармондеҳони нерӯҳои марзбонӣ масъалаи амнияти марзҳои муштарак ва омодагии дуҷониба ба мубориза бо хатароти тундгароӣ дар минтақаро низ баррасӣ хоҳанд кард.

Азбаски вохӯрии мақомдорон паси дарҳои пӯшида идома дорад, ба таъкиди Ғиёсиддин Эҳсонов, намояндаи Тоҷикистон дар Ботканд, аз натиҷаи масоили мавриди баҳси ҷонибҳо танҳо пас аз анҷоми мулоқот метавон сухан гуфт.
XS
SM
MD
LG