Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташрифи Фишер ҳаракати нақлиётро маҳдуд мекунад


Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, имрӯз, сешанбеи 12 март, президенти Австрия Ҳайнс Фишер бо як сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд. Боздиди Фишер аз Душанбе то 14-уми март идома дошта, дар доираи он мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси парлумон ва сарвазири кишвар ба нақша гирифта шудааст. Инчунин, роҳбарони Тоҷикистону Австрия дар маросими ифтитоҳи анҷумани соҳибкорони ду кишвар низ иштирок мекунанд.

Дар ин робита идораи бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки имрӯз аз соати 08.00 то 11.00 ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз чорроҳаи кӯчаҳои И.Сомонӣ-Сино то И.Сомонӣ-Рӯдакӣ муваққатан маҳдуд мегардад. Шабона бошад, аз соати 23.30 то 01.00 ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз чорроҳаи кӯчаи А.Дониш-Айнӣ то Аэропорти пойтахт, аз чорроҳаи кӯчаҳои И.Сомонӣ-Сино то И.Сомонӣ-Рӯдакӣ манъ карда мешавад. Рӯзи 13 март ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз соати 09:40 то 10:00, 12:00, 13:00, аз 15:00 то 15:40 ва 19:50 ва рӯзи 14 март аз соати 09:20 то 11:00 дар хиёбони Рӯдакӣ ва аз соати 12:45 то 13:30 аз чорроҳаи кӯчаҳои А.Дониш-Айнӣ то Аэропорти пойтахт, аз чорроҳаи кӯчаҳои И.Сомонӣ-Сино то И.Сомонӣ-Рӯдакӣ маҳдуд мешавад. Ронандагони воситаҳои нақлиёт дар ин рӯзҳо метавонанд аз кӯчаҳои Карамов, Ҳофизи Шерозӣ, Шотемур, Дӯстии халқҳо ва Айнӣ истифода баранд.
XS
SM
MD
LG