Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дежавю- 2013": Насиҳат, кафкӯбӣ, концерт


Раисиҷумҳур занҳои фаъолро ба муносибати иди занон табрик кард ва онҳоро нерӯи пешбарандаи ҷомеъа номид.

Мулоқоти имсолаи занҳои фаъол бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз солҳои гузашта зиёд фарқ надошт ва барои шаҳрвандони берун аз толор, ки ин кафкӯбӣ ва бо аломати тасдиқ такон хӯрдани сарҳоро аз экрани телевизион медиданд, мисли «дежавю» буд.

Раисиҷумҳур дар суханронии худ модарро мураббии башар хонд ва ҳам ӯро ҳушдор дод, ки, аз бачаи худ бохабар бошад, то террорист нашавад, аз афзоиши талоқ гуфт ва таври маъмул солҳои ҷангро ба ёди занҳо овард.

Баъди хатми мулоқоти раисиҷумҳур бо занҳо, мо аз чанд нафар дар кӯчаҳои Душанбе пурсидем, ки дар бораи суханронии президент дар остонаи иди занон чӣ назар доранд? Онҳо гуфтанд, ки мулоқотро тамошо накарданд.
Ҷомиашиносони тоҷик низ мегӯянд, суханрониҳои раиси ҷумҳур солҳои ахир бисёр такрорӣ шудаанд ва тақрибан ҳарфи тоза надоранд. Шаҳрвандон низ инро дарк мекунанд.

Танҳо як мисол, ки раисиҷумҳур солҳо боз дар ҷаласаҳо бо занҳо ба зарурати ҷалби занҳои босавод ба корҳои раҳбарикунанда таъкид мекунад, вале ҳоло низ раҳбарӣ дар дасти мардҳост, кофӣ аст, ки занҳо ба ваъдаҳои раиси ҷумҳур хушбин набошанд.


Суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи идона
Суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи идона
Мулоқоти раҳбари аввал бо занҳои фаъол дар остонаи 8-уми март шеваест, ки раҳбарони Шӯравӣ ҳанӯз шасту ҳафтод сол пеш аз он истифода мебурданд. Дар ҳоле, ки бисёр кишварҳои собиқ шӯравӣ формати мулоқот бо занҳоро дар остонаи идҳо, ба шеваҳои мухталиф, аз ҷумла муколама ва ё баҳси мушкилоти ҷомеъа ба роҳ мондаанд, Тоҷикистон ҳамон шеваи қадимии «як нафар ҳарф мезанад ва дигарон гӯш мекунанд»- ро ҳифз кардааст.

Интихоби иштирокдорони нишаст низ тавре ба роҳ монда мешавад, ки дар он танҳо занҳои вафодор ба ҳукумати феълӣ даъват мешаванд. Ҳомиёни ҳуқуқи инсон ё занҳои фаъол аз гурӯҳҳои мухолифин ба ин нишастҳо роҳ надоранд.

Ойниҳол Бобоназарова, як фаъоли ҷомеъаи Тоҷикистон, раҳбари созмони ғайридавлатии «Перспектива+», ки дар ин маҳфил ширкат надошт, мегӯяд, ба чунин мулоқот нафароне даъват мешаванд, ки аъзои ҳукумат ҳастанд. Хонум Бобоназарова мегӯяд, мебоист заноне дар ин вохӯрӣ ҳузур пайдо мекарданд, ки мушкили зиёд доранд ва онро рӯ ба рӯ ба сарвари давлат баррасӣ намоянд.

Аммо Ситора Ахмедова, як бонуи тоҷик, ки барои аввалин бор дар мулоқот бо раисиҷумҳур иштирок дошт, ин вохӯриро самимӣ хонд. Ӯ мегӯяд, раисиҷумҳур падарвор ҳарф зад: «Бубинед, оморҳое ки мақомотҳои марбута онро пинҳон мекунанд ва намегӯянд, вале президент инҷо гуфт. Вақте ки шахси аввали ҳукумат аз мушкилоти занон бохабар аст ва дар як мулоқот онро хеле соддаву равон мегӯяд, ин хуб аст.»

Ситора мегӯяд, аз ин ки президент дар бораи маргумири муҳоҷирони тоҷик ҳарф задааст, хеле мутаасир шуд, зеро ба гуфтаи ӯ, то имрӯз на ҳама масъулон аз минбари баланд дар мавриди кушта шудани муҳоҷирони тоҷик ҳарф мезананд.


Аммо ба назари дигарон, раисиҷумҳур бештар бо зикри мушкилот иктифо кард, вале роҳи ҳалли онҳоро нишон надод. Дар ҳоле, ки бахши умдаи ҷомеъашиносон афзоиши талоқ дар байни оилаҳои ҷавонро ба мушкилоти иқтисодӣ ва ҷангу ҷанҷол аз бепулӣ марбут мекунанд, президенти Тоҷикистон омода набудани духтарҳо ба шавҳардориро омили аслии талоқ номид.

Ба сурати умум, дар зеҳни мақомдорони тоҷик як ақидае "семент" шудааст, ки ҳама мушкилоти ҷомеъа ба оила, махсусан ба занҳо бастагӣ дорад. Агар ҷавоне ба терроризм гаравид, ҳатман оилааш гунаҳкор аст, на ҳукумат, ки барояш шароити кору таҳсил фароҳам наовард. Агар духтаре аз шавҳар ҷудо шуд, низ ҳатман модараш гунаҳкор аст, ки ба ӯ ғизо пухтанро ёд надод, на ҳукумат, ки солҳо боз наметавонад буҳрони иқтисодиро аз байн бубарад ва ё ба оилаҳои ҷавон бурсҳои имтиёздор бидиҳад. Агар ҷавоне аз баландии сохтмони Русия афтид ва ҳалок шуд, худаш гунаҳкор аст, на ҳукумат ки барояш дар кишвар ҷойи кор намесозад.

Дар охири суханрониаш раисиҷумҳур аз занҳо даъват кард, ки пулҳои худро дар бонк гузоранд ё хона бисозанд ва ё саёҳат кунанду дунёро бубинанд. Ҷаласаи идона таври маъмул бо намоиши концертӣ бахшида ба занҳо поён ёфт.
XS
SM
MD
LG