Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як ҳамла алайҳи маъракаи эмкунӣ дар Покистон


Боз як пулиси нигаҳбони маъракаи воксинзанӣ аз фалаҷи кӯдак дар вилояти Хайбар-Пахтунхваи Покистон кушта шуд. Пулис гуфт, ин пулис, ки ду узви тими воксинзаниро ҳамроҳӣ мекард, имрӯз дар ноҳияи Мардон ҳадафи ҳамла қарор гирифт.
Доктор Абдулваҳҳоб, масъули ин маърака гуфт, воксинзанӣ дар минтақа баъди ин ҳамла қатъ нашудааст: “Вақте тими мо вориди рустои Хава мешуд, афроди ношинос оташ кушоданд. Аъзои тим ҷон ба саломат бурданд, вале пулиси нигаҳбони онҳо кушта шуд.” Касе масъулияти ҳамлаи имрӯзаро ба дӯш нагирифтааст, вале дар ҳамлаҳои қаблӣ ба тимҳои эмгар ҷангиёни Толибонро айбдор мекарданд, ки гумон доранд, аз ин маърака барои ҷосусӣ ва безурёт кардани мусалмонон истифода мебаранд.
XS
SM
MD
LG