Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи зоҳиран бебарандаи Итолиё


Шумориши оро дар яке аз ҳавзаҳо дар Рум
Шумориши оро дар яке аз ҳавзаҳо дар Рум
Интихоботи Итолиё зоҳиран бидуни кадом ғолиби рӯшан анҷом ёфтааст. Назарсанҷиҳо ҳокист, ки дар интихоботи маҷлиси поёнии парлумон эътилофи марказучапгарои Пер-Луиҷӣ Берсанӣ нисбат ба эътилофи муҳофизакори сарвазири собиқ Силвио Берлусконӣ тақрибан 5,5 дарсад райъи бештар мегирад. Вале натоиҷи муқаддамотӣ мегӯянд, дар интихоботи Сенат эътилофи Берлусконӣ 2 фоиз пешдастӣ дорад.
Нигарониҳо дар бораи тавоноии Итолиё барои интихоби як ҳукумати қавие, ки кишварро аз чанги пасрафт берун оварда, ба ҳалли буҳрони қарзи минтақаи евро мусоидат кунад, бозорҳоро дар робита ба натоиҷи интихоботи рӯзҳои 24-25 феврал хеле асабонӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG