Дар соҳилҳои ҷанубӣ ва шимолии Эрон захираи бузурги уран ошкор шуд. Дар ин бора Фаридун Аббосӣ-Давонӣ, ноиби раисиҷумҳур ва раиси Оҷонси нерӯии ҳастаии Эрон ба хабаргузории ИСНА иттилоъ дод. Ин хабар ҳанӯз аз сӯи манбаъҳои мустақил тайид нашудааст.
Аббосӣ-Давонӣ ҳамчунин гуфтааст, мутахассисони эронӣ 16 мавзееро муқаррар кардаанд, ки барои сохтмони нерӯгоҳҳои ҳастаӣ мувофиқанд. Ба гуфтаи ӯ, нерӯгоҳҳоро метавон дар соҳилҳои халиҷи Форсу Уммон, баҳри Хазар ва вилояти Хуҷистон бунёд кард.
Иттилои муовини раисиҷумҳури Эрон дар арафаи даври навбатии музокирот миёни Эрон ва “шашгона” – панҷ узви доимии Шӯрои амниятии СММ ба изофаи Олмон, пахш шуд. Қарор аст, ки гуфтушунид рӯзи 26 феврал дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор шавад. Мансабдорони ғарбӣ мегӯянд, ки дар ин нишаст ба Эрон дар робита ба қатъи барномаи ҳастаияш пешниҳодҳои нав ироа мешаванд.
Ғарб ҳадс мезанад, ки ҳадафи аслии барномаи ҳастаии Эрон – дастёбӣ ба силоҳи атомист, аммо Теҳрон инро рад мекунанд.