Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як муассиси Лашкари Ҷангиро боздошт карданд


Пулиси Покистон мегӯяд, ки Малик Исҳоқ, яке аз муассисони Лашкари Ҷангӣ, як созмони тундрави исломиро боздошт кардаанд. Ашфақ Гуҷор, афсари пулис рӯзи ҷумъа гуфт, Малик Исҳоқро субҳи ҷумъа дар шаҳри Раҳимёрхон дастгир кардаанд. Ҳоло иттиҳом алайҳи ӯ маълум нест, агарчӣ созмони онҳо масъулияти чанд ҳамла алайҳи шиъамазҳабон дар Вилояти Балуҷистони Покистонро бар ӯҳда гирифтааст. Лашкари Ҷангӣ гуфтааст, ки ҳамлаи хунини ҳафтаи гузашта дар шаҳри Кветта, ки 89 нафар кушта бар ҷойи гузошт кори онҳост.
XS
SM
MD
LG