Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷ қирғизро бо иттиҳоми тундгароӣ дастгир карданд


Маъмурони амниятии Қирғизистон мегӯянд, панҷ нафарро бо иттиҳоми узвият дар созмони тундгарои Ҳизб-ут-Таҳрир боздошт кардаанд. Кумитаи Амнияти Миллии Қирғизистон рӯзи чаҳоршанбе бо нашри як баёния гуфт, ин афродро рӯзи сешанбе дар шаҳри Ҷалолобод дастгир карданд ва аз хонаҳояшон китобу варақаҳои тарғиботии ҳизбро ва дастгоҳи чопи варақаҳоро ёфта ва мусодира кардаанд. Ҳизб-ут-Таҳрир, ки фаъолияташ дар қаламрави кишварҳои муштаракулманофеъ мамнӯъ шудааст, мехоҳад дар Осиёи Марказӣ як хилофати исломӣ бисозад. Дар Тоҷикистон низ даҳҳо нафар бо гуноҳи узвият дар ин созмон зиндонӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG