Баъди силсилаи ҳамлаҳои рахнагарони интерентӣ ба шабакаҳои муассисаҳои давлатӣ, расонаҳо ва ширкатҳои хусусии Амрико, ин кишвар ва Чин ҷанҷол карданд. Ҷей Карни, сухангӯи Кохи Сафед, гуфт, ҳукумати кишвараш борҳо бо мақомоти баландпояи Чин масъалаи дуздии иттилоъот аз шабакаҳои комютерии Амрико, аз ҷумла иттилоъоти низомиро дар миён гузоштааст. Аммо вазорати умури хориҷии Чин иддаъоҳои Амрико дар заминаи даст доштанаш ба ҳамлаҳои интернетӣ “бепоя” хонда афзуд, худи Чин ҳам як “қурбонии ҳамлаҳои интернетӣ”, ки аксарияти онҳо аз Амрико сарчашма мегирифтаанд. Пеш аз ин ҷанҷоли ду тараф, ширкати “Аппл” гуфт, ки баъзе аз комптерҳои кормандони ин ширкатро бо ҳадафи ҳамла ба шабакаҳои он ба вирус олуда кардаанд. Аммо ба гуфтаи “Аппл” ҳеҷ далели дуздии иттилоъи муштариён вуҷуд надорад. Маълум нест, дар паси ин ҳамла кӣ будааст.