Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ба Сурия кумаки башарӣ фиристод


Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия ду ҳавопайморо бо кумакҳои башарӣ ба Сурия фиристод. Ба қавли сухангӯи ин вазорати Ирина Россиус ҳавопаймоҳо 46 тонна кумакҳои башарӣ ва аз ҷумла хайма, ҷиҳози тавлиди нерӯи барқ ва ғизоро ба Сурия интиқол дода, дар роҳи бозгашт шаҳрвандони Русияро аз Сурия ба ватанашон интиқол диҳанд. Моҳи январ Русия кумакҳои башариро тавассути Лубнон ба Сурия фиристода, аз он ҷо 77 шаҳрвандашро ба Русия баргардонд.
XS
SM
MD
LG