Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркишҳои Бағдодро "Ал-Қоида" ташкил кардааст


Бахши ироқии шабакаи “Ал-Қоида” масъулияти ҳамлаҳо дар маҳалалҳои шианишини Бағдодро бар ӯҳда гирифт. Гурӯҳе, ки худро Давлати исломии Ироқ унвон кардаст, дар як изҳорот аз тариқи интернет ҳамлаҳоро ҳамчун “интиқом барои ҷиноятҳои ҳукумати Ироқ дар манотиқи суннинишин” арзёбӣ кардааст.

Бар асари таркишҳо дар мавзеъҳои Садр-Сити, Ҳабибия, Қаҳира ва дигар мавзеъҳои Бағдод дасти кам 28 нафар кушта ва беш аз 100 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Шурӯъ аз моҳи январ дар Ироқ дасти кам 10 ҳамлаи террористӣ сурат гирифт.

Тайи ду моҳи ахир сунниҳои Ироқ алайҳи ҳукумати нахуствазир Нурӣ ал-Моликӣ, ки дар он аксари курсиҳоро шиамазҳабҳо ишғол кардаанд, тазоҳурот ва раҳбандиҳо доир намуданд. Онҳо ҳукуматро дар нақзи ҳуқуқҳои аққалияти суннимазҳаб айбор мекарданд.
XS
SM
MD
LG