Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарифӣ: "Тоҷикистон аз талошҳои фаластиниҳо ҳимоят мекунад"


Ҳамроххон Зарифӣ ҳини суханронӣ дар нишасти Қоҳира.
Ҳамроххон Зарифӣ ҳини суханронӣ дар нишасти Қоҳира.

Тоҷикистон гуфтааст, аз талошҳои фаластиниҳо барои барпо кардани давлати ояндаи худ, истиқбол мекунад.

Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар дувоздаҳумин нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Исломӣ дар Қоҳира, оид ба муҳимтарин масъалаҳои ҳамбастагӣ ва ҳамкорӣ миёни давлатҳои узви ин созмон, суханронӣ намудааст.

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон аз ҷумла қазияи Фаластинро мавзӯи меҳварии Созмони ҳамкориҳои Исломӣ шумурда ва баён доштааст, ки кишвараш аз талошҳои фаластиниҳо барои таъсиси давлати мустақили худ, пуштибонӣ менамояд.

Ин нишаст рӯзҳои 6-7-уми феврал ба номи «Ҷаҳони ислом, чолишҳои тоза ва имкониятҳои фазоянда», дар пойтахти Миср шаҳри Қоҳира баргузор шуд.
Тоҷикистонро дар дувоздаҳумин нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ, Ҳамроҳхон Зарифӣ намояндагӣ кард.

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар бахши дигар аз суханронии худ ба зарурати истифодаи дуруст ва оқилонаи захираҳои обии минтақаи Осиёи Миёна пардохтааст.

Ҳамроҳхон Зарифӣ аз ҷумла гуфтааст, ки истифодаи оқилона аз ин захираҳо, ҳаргиз ба зарари кишварҳои поёноб сурат нахоҳад гирифт. Ҷаноби Зарифӣ ҳамзамон омодагии кишварашро барои гуфтушунид оид ба масъалаҳои муҳандисӣ- техникии истифодаи об, таъкид кардааст.

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон ҳамчуни изҳори умедворӣ кардааст, ки кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ дар Конфронси байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки қарор аст моҳи августи соли равон дар Душанбе баргузор шавад, ширкат намоянд.

Маҷмаъи умумии СММ рӯзи 21-уми декабри соли 2012 бо иттифоқи оро қатъномаи “Татбиқи Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об -2013”-ро тасвиб кард. Тибқи қатъномаи тасвибшуда, қарор аст, дар соли 2013 ду ҳамоиши муҳим дар масъалаи ҳамкорӣ дар масъалаи доғи об доир шавад.

Интизор меравад, ҳамоиши аввал бо номи Муколамаи сатҳи баланди Маҷмаъи умумии СММ рӯзи 22-юми март, ки Рӯзи ҷаҳонии об эълон шудааст, дар мақари СММ – шаҳри Ню-Йорк ва ҳамоиши дувум бо номи Анҷумани байналмилалии сатҳи баланд дар поёни моҳи август дар Душанбе- пойтахти Тоҷикистон – доир шаванд.

Чиҳилу ҳашт кишвар, бо шумули Русияву Ҷопон, Эрону Чин, Ҳинду Покистону Афғонистон ва ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба истиснои Узбакистон, низ ҳимояти худ аз Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар риштаи обро эълон карда буданд.

Ҳайъати Тошканд бо пахши як изҳорот дар Маҷмаъи умумии СММ гуфта буд, ки монеъи тасвиби қатънома бо иттифоқи оро нахоҳад шуд, вале анҷуманеро, ки дар Душанбе хоҳад гузашт, ҳамчун нишасти СММ намешуморад ва иҷрои қарорҳояшро ҳам ба зимма намегирад.

Ҷониби Узбакистон се сол пеш, ба қарори СММ дар бораи Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон кардани соли 2013 низ чунин вокуниш нишон дода буд.
XS
SM
MD
LG