Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ва Русия созишномаи муҳоҷиратро имзо мекунанд


Сафиаллоҳ Девонаев - раиси хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон
Сафиаллоҳ Девонаев - раиси хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон

Сафиаллоҳ Девонаев, раиси хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон субҳи рӯзи панҷашанбеи 7 феврал ба манзури имзои созишномаи муҳоҷират миёни миёни Тоҷикистон ва Русия озими Маскав шуд.

Дафтари матбуоти Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ иттилоъ дод, ки қарор аст, фардо, ҷумъаи 8 феврал дар шаҳри Маскав бо ҳузури Сафиаллоҳ Девонаев ва Константин Ромодановский, раҳбарони хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ва Русия, маросими ба имзо расидани созишномаи буду боши шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия сурат бигирад.

Пас аз имзои ин санади ҳамкорӣ ва мавриди иҷро даромадани он, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳуқуқи 15-рӯзаи иқомати бидуни сабт дар қаламрави Русияро дарёфт хоҳанд кард. Ин ҳам дар ҳоле, ки то кунун ин мӯҳлат танҳо 7 рӯзро дар бар мегирифт.

Зимнан, тавофуқи ҷонибҳо барои имзои созишномаи мазкур дар ҷараёни дидори Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия аз Тоҷикистон дар моҳи октябри соли гузашта ба даст омада буд.

Омодагиҳо барои имзои созишномаи умури муҳоҷират миёни Маскаву Душанбе дар ҳолест, ки дирӯз низ вазирони энержии Русияву Тоҷикистон Александр Новак ва Шералӣ Гул дар Маскав ба қарордоди ҳамкорӣ дар бахши содироти маводи сӯхт ба Тоҷикистон имзо карданд.

Тибқи ин қарордод, Русия боҷи гумрукиеро, ки соли 2010 болои содироти маводи сӯхташ ба Тоҷикистон эъмол карда буд, аз байн бурда, танҳо дар соли 2013 ба Душанбе бидуни боҷ 1 миллион тонна маводи сӯхт хоҳад дод.

Сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав Муҳаммади Эгамзод гуфт, ҷониби Тоҷикистон, бар асоси ин қарордод, ҳаққи содироти дубораи маводи сӯхти бебоҷ ба кишварҳои севумро надорад.

Лағви боҷи гумрукӣ аз содироти маводи сӯхташ як ваъдаи Русия дар ивази созишномаи моҳи октябр имзошуда роҷеъ ба тамдиди замони ҳузури пойгоҳи 201-уми он кишвар дар Тоҷикистон то соли 2042 буд.
XS
SM
MD
LG