Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

200 кг биринҷ мансабдорро ба зиндон бурд


Раёсати КДАМ дар вилояти Хатлон як мансабдори давлатиро барои гирифтани 200 кило биринҷ ба сифати пора, боздошт кардааст.

Зиёвулҳақ Мирзомуродов, раиси ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Назарови ноҳияи Шаҳритус, ба як шаҳрванд ваъда кардааст, ки агар 200 кило биринҷ биёрад, барояш қарори хоҷагии деҳқонии «Ғуринҷ»-ро барои ихтисоси қитъаи замини наздиҳавлигӣ таҳия мекунад. Зимни гирифтани 1000 сомонӣ ришва (пули биринҷ) аз шаҳрванд, З. Мирзомуродов аз ҷониби кормандони кумитаи давлатии амнияти миллӣ дастгир карда шуд.

Масъулони раёсати КДАМ дар вилояти Хатлон мегӯянд, «феълан як чорабинии ошкоркунандаи шахсони заминфурӯшу мардумфиреб гузаронида мешавад».

Алайҳи З. Мирзомуродов тибқи ду моддаи кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, аз ҷумла «сӯйиқасд ба ҷиноят» ва «гирифтани пора» парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ шудааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки тайи як соли охир аз ҷониби мақомоти додситонӣ дар вилояти Хатлон 143 парвандаи ҷиноятии марбут ба истифодаи ғайриоқилона ва тақсимоти ғайриқонунии қитъаҳои замин ифтитоҳ шудааст.

Ба гуфтаи Сироҷиддин Нуров, додситони вилояти Хатлон, давоми соли 2012-ум баҳри бекор кардани санадҳои ғайриқонунӣ қабулгардида 360 эътироз оварда шуд. Илова бар он 555 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ, 103 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва 2 нафар ба ҷавобгарии моддӣ кашида шудаанд.

«Ҳамчунин барои ғасби худсаронаи замин, хариду фурӯши он ва сохтмонҳои бидуни иҷоза дар заминҳои корам 55 адад парвандаҳои ҷиноятӣ кушода шудааст», - афзуд С. Нуров.
XS
SM
MD
LG