Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нетаняҳу зоҳиран бо Йеш Атид эътилоф хоҳад ҷуст


Яир Лапид
Яир Лапид
Шумориши тақрибан ҳамаи орои интихоботи саросарии рӯзи сешанбеи Исроил ҳокист, ки зоҳиран сарвазир Бенямин Нетаняҳу барои ташкили ҳукумати эътилофӣ ба пуштибонии ҳизби нави марказгаро ниёз хоҳад дошт. Эътилофи ҳизби Ликуди Нетаняҳу ва ҳизби қавмгарои Йисраэл Бейтену 31 курсӣ аз 120 курсии Кнессетро ба даст овард, ки назар ба соли 2009 11 курсӣ камтар аст. Ҳизби дунявӣ ва марказгарои Йеш Атид ба натиҷаи болотар аз интизорот даст ёфта, соҳиби 19 курсии парлумон шуд. Ин ҳизб, ки ҳамагӣ 9 моҳ пеш аз сӯи журналисти собиқи телевизион Яир Лапиди 49-сола таъсис ёфт, ба ин тартиб, дувум шуд. Таҳлилгарон мегӯянд, ин ҳанӯз рӯшан нест, вале эҳтимолан Нетаняҳу талош хоҳад кард, ки ин ҳизбро ба эътилофи ҳоким ҷалб кунад.
XS
SM
MD
LG