Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тимошенко метавонад ба ҳабси абад маҳкум шавад


Тимошенко дар додгоҳ (Акс аз октябри соли 2011)
Тимошенко дар додгоҳ (Акс аз октябри соли 2011)
Додситони кулли Украина гуфт, сарвазири собиқ Юлия Тимошенко бо иттиҳоми куштор метавонад ба ҳабси абад маҳкум шавад. Виктор Пшонка гуфт, Тимошенко ба додани амри куштани вакили парлумон Евген Шербан дар соли 1996 айбдор мешавад. Ба гуфтаи Пшонка, тафтишот шавоҳиди кофии бо амри Тимошенко ва боз як сарвазири собиқ Павло Лазаренко содир шудани амри қатли Евген Шербанро пайдо кардааст: “Фармоиш куштани Шербан ба ҳар қимат буд. Ғараз аз куштор чӣ буд? Манфиатҳои тиҷоратӣ.”
Тимошенко ва Лазаренко ҳарду ин иттиҳомро радд мекунанд.Серҳий Власенко – вакили Тимошенко- онро “сафсата” хонд. Тимошенко алакай бо ҷурми сӯъиистифода аз мақом ба 7 соли зиндон маҳкум шуда, муҳокимаи як парвандаи дигар алайҳи ӯ идома дорад, вале худи ӯ ҳарду парвандаро сиёсӣ меномад.
XS
SM
MD
LG