Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибони раҳошуда аз Покистон ғайб задаанд


Ҷеймс Канингҳам мегӯяд, агар Толибон бо ҳукумати Афғонистон сулҳ накунанд, пас фақат нерӯҳои афғон бо онҳо мубориза хоҳанд бурд.
Ҷеймс Канингҳам мегӯяд, агар Толибон бо ҳукумати Афғонистон сулҳ накунанд, пас фақат нерӯҳои афғон бо онҳо мубориза хоҳанд бурд.

Ҷеймс Канингҳам, сафири Амрико дар Кобул мегӯяд, музокироти воқеъии сулҳ дар ин кишвар шурӯъ нашудааст ва онҳо намедонад, ки баъзе аз Толибони раҳошуда куҷо шудаанд.

Давлати Исломобод соли гузашта бо дархости Афғонистон, ки дар пайи музокироти сулҳ бо Толибон аст, 26 узви ин гурӯҳро аз зиндон раҳо кард. Аммо Ҷеймс Канингҳам рӯзи панҷшанбе дар шаҳри Кобул, гуфт, “самимона мегӯям, мо намедонем, бо он афроде, ки Покистон раҳо кард, чӣ иттифоқ афтод.” Ӯ афзуд, Амрико хоҳони шаффофияти бештар дар ин масъала аст, аммо ба ҳар сурат раҳоии онҳо аз назари Афғонистон кори мусбате буд. Худи Афғонистон ҳам чанде пештар ба хотири мойил кардани онҳо ба музокироти сулҳ садҳо нафар аз аъзои Толибонро аз зиндонҳои кишвар раҳо кард.

Аммо ба гуфтаи Ҷеймс Канингҳам баъзе аз ин Толибони соҳибмақоми раҳошуда, ки ба мақомҳои пешинаи худ баргаштаанд. Дипломати амрикоӣ эътироф кард, ки музокироти воқеъии сулҳ дар Афғонистон ҳатто шурӯъ нашудааст. Ӯ афзуд, “ҳадафи мо, шурӯъи ҳарчӣ зудтари як музокироти ҷиддии сулҳу оштӣ аст, вале то кунун шурӯъи ин кор муяссар нашудааст.”

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико охири соли гузашта музокирот бо Толибонро шурӯъ кард вале ин гурӯҳ аз идомаи музокирот даст кашид, зеро ба гуфтаи Толибон, Амрико 5 узви онҳоро аз Гуантанамо раҳо накард. Толибон, ки соли 2001 дар амалиёте ба раҳбарии Амрико дар Афғонистон аз ҳукумат ронда шуданд, талабҳои пайвастаи ҳукумати раиси ҷумҳур Ҳомиди Карзай барои сулҳро рад кардаанд.

Ҳукумати Амрико, ки ҳоло масъалаи ихроҷи нерӯҳояш аз Афғонистонро бо ҳукумати ин кишвар баррасӣ мекунад, аҳд додааст, ки баъди соли 2014 баъди рафтани нерӯҳои хориҷӣ дар таъмини амният ҳамчунон ба Афғонистон кӯмак хоҳад кард. Вале ҳоло рӯшан нест, ки баъди тарки нерӯҳои ҷангии хориҷӣ аз Афғонистон дар соли 2014, нақши бахше аз онҳо, ки мемонанд, чӣ хоҳад буд.

Ҷеймс Канингҳам дар идомаи сӯҳбаташ дар Кобул гуфт, агар Толибон ба музокироти сулҳи Афғонистон напайвандад, баъди соли 2014 фақат нерӯҳои афғон бо онҳо мубориза хоҳанд кард, на амрикоиён: “Мо бояд бо тарҳи интиқоли масъулиятҳои амниятӣ якҷо ба пеш биравем, то ин ки нерӯҳои амниятии афғон ба гунаи комил масъулияти таъмини амнияти кишварашонро ба ӯҳда гиранд. Агар Толибон бо ҳукумати Афғонистон сулҳ накунанд, пас зарур аст, ки нерӯҳои афғон алайҳи онҳо мубориза баранд. Яъне он мубориза танҳо ба ӯҳдаи нерӯҳои афғон хоҳад буд. Мо мутмаин ҳастем, ки нерӯҳои афғон тавоноии ин муборизаро доранд.“

Интизор мерафт, ки бо тарки тадриҷии нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон, , 20 ҳазор нафари онҳо дар муқобила бо Толибон ба нерӯҳои афғон кӯмак хоҳанд кард. Аммо хабаргузории Франс Пресс менависад, ҳоло мақомоти Амрико тахмин мезананд, ки мумкин аст, танҳо 3 ҳазор сарбози кишвар дар Афғонистон бимонанд, ки эҳтимоли бадтар шудани авзоъро дар он бисёр зиёд медонанд.
XS
SM
MD
LG