Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

3 шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия боздошт шудаанд


Дар ҷараёни амалиёти нируҳои интизомии Русия дар қаламрави ин кишвар аз фаъолияти як гурӯҳи қочоқбар ҷилавгирӣ ба амал омадааст.

Дар ин амалиёт 3 нафар аъзои фаъоли ин гурӯҳ боздошт шудаанд, ки шаҳрванди Тоҷикистон мебошанд. Бар зидди онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Дар хабаре, ки матбуоти Русия пахш кардааст, гуфта мешавад, ки онҳо барои ғайриқонунӣ ба даст овардани маводи мухаддир, ҳифз ва ба фурӯш задани он муттаҳам дониста мешаванд.

Аз онҳо 57 килограм ҳероин мусодира шудааст.
XS
SM
MD
LG