Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

23 сол ҳукми зиндони Аслиддин Ҳомидов


Додгоҳи вилояти Иркутск шаҳрванди 21-солаи Тоҷикистон Аслиддин Ҳомидовро дар қатли 4 сокини шаҳри Зима ва қасди куштани як нафари дигар муҷрим шинохта, ба 23 соли зиндон маҳкум кард. Низоъ байни бародарон Ҳомидовҳо ва як гурӯҳи ҷавонони маҳаллӣ 2 октябри соли 2011 дар як корхонаи коркарди чӯб дар канори Зима бархост. Аслиддин Ҳомидов исрор меварзад, ки ба хотири дифоъ аз худ даст ба силоҳ бурдааст. Аммо айбдоркунанда дар додгоҳ гуфт, ки ӯ ин 4 нафарро ҳадафмандона куштааст. Бархе расонаҳои русӣ мегӯянд, афроди кушташуда марбут ба як гурӯҳи ҷиноӣ буданд, ки мехостанд аз ин корхонаи чӯб «ҳаққ» ситонанд, вале ба муқовимати мусаллаҳона дучор шуданд. Расонаҳои дигар мегӯянд, баръакс ин бародарон Ҳомидовҳо мехостанд корхонаи як ҳамватани худро «андоз» банданд ва он 4 сокини Зима гӯё аз ҷониби соҳиби ин корхона барои «разбор» даъват шуда буданд.
XS
SM
MD
LG