Пайвандҳои дастрасӣ

Лукашенко: узвият дар WTO ҳаққи Тоҷикистон аст


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва мудири иҷроияи Созмони ҷаҳонии тиҷорат Паскал Ламӣ ҳангоми имзои санади узвияти Тоҷикистон
Президенти Беларус Александр Лукашенко мегӯяд, кишвараш ҷонибдори ҳамоиши бештари ҷамоҳири собиқ шӯравӣ аст, вале на Беларус ва на Қазоқистон ҳозир нестанд, саросема ба иқдомҳои радикалӣ даст зананд. Ӯ гуфт, эҳтимол Кремл мехоҳад, ҳамоиш каме зудтар сурат гирад. Ба қавли Лукашенко соли гузашта Тоҷикистон тасмим гирифт, на ба Иттиҳоди гумрукӣ, балки ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат ворид шавад ва ин ҳаққи Тоҷикистон аст. Президенти Беларус мегӯяд, ӯ нигарониҳои маъмурияти ИМА дар мавриди ҳамоиши кишварҳои Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъро дарк мекунад, зеро ӯ ҳам аз таҳаввулоти Афғонистону Ироқ дар ташвиш аст.
Соли гузашта котиби давлатии ИМА Ҳилларӣ Клинтон гуфта буд, ки кӯшиши эҳёи шӯравӣ зери номҳои ташкили “Иттиҳоди гумрукӣ” ва ё ташкили “Иттиҳоди Авру-Осиё” сурат гирад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG