Коргардони ин филм Бен Аффлек, ҳамин тавр, беҳтарин коргардон шинохта шуд. Маросими эътои ҷоизаҳои “Кӯраи тилоӣ” дар Беверлӣ Ҳиллз як навъ машқи асосӣ қабл аз эътои ҷоизаҳои мӯътабартари “Oscar” аст, ки барандагонаш моҳе баъд эълон хоҳанд шуд.
Сужаи филми “Арго”бар пояи қиссаи воқеии дипломатҳои амрикоиест, ки дар поёни солҳои 70 баъди инқилоби исломии Эрон дар Теҳрон дар банд монданд. Барои раҳоии 6 дипломате, ки баъди ҳамлаи издиҳом ба сафорати Амрико дар қароргоҳи сафири Канада паноҳ ёфтанд, таҳияи филми набудаи фантастикие бо номи “Арго”-ро ба нақша мегиранд ва ин дипломатҳоро бо ҳазору як ҳила аъзои ҳайъати эҷодӣ вонамуд карда, аз Эрон берун мекашанд.
Филми Бен Аффлек ҳамагӣ ду ҷоизаи “Кӯраи тилоӣ” – барои беҳтарин филм ва беҳтарин коргардонро ба даст овард, вале дар сабқати филмҳои беҳтарин тавонист бар филми таърихии “Линколн”-и Стивен Спилберг, “Ҷангои озодшуда”-и Квентин Тарантино “Ҳаёти Пӣ”-и Энг Лӣ ва ҳам бар “Ҳадафи рақами як”-и Кетрин Бигелоу дастболо шавад.
“Ҳадафи рақами як”, ки амалиёти пурсарусадои қатли раҳбари Ал-Қоида Усома Бен Лоден дар моҳи майи соли 2011 дар Аббатобоби Покистонро рӯи навор овардааст, алорағми интизорот танҳо як “Кӯраи тилоӣ” ва онро ҳам бо шарофати Ҷессика Честейн барои беҳтарин нақши занона соҳиб шуд. Филми Квентин Тарантино ду ҷоиза – барои беҳтарин сенария ва беҳтарин нақши дараҷаи дуро гирифт. “Линколн”-и Спилберг, ки ба 12 “Оскар” пешбарӣ шудааст, ва “Ҳаёти Пӣ”, ки муддаии 11 ҷоизаи “Оскар” аст, дар сабқати “Кӯраҳои тилоӣ” мутаносибан ҳамагӣ 2 ва 1 ҷоиза ба даст оварданд. Бештар аз ҳама – 3 “Кӯраи тилоӣ”-ро мюзикли “Бенавоён”-и коргардон Том Купер бар пояи романи маъруфи адиби фаронсавӣ Виктор Ҳюго бо худ бурд. Вале ин ҷоизаҳои эътиборашон пойинтар ва барои беҳтари мюзикл, беҳтарин ҳунарпешаи мард ва беҳтарин нақшаи занонаи дараҷаи ду буд. “Кӯраи тилоӣ” барои беҳтарин филми хориҷӣ имсол ба филми “Ишқ”-и коргардони олмонӣ Михаэл Ҳанеке рафт.
Аксари таҳлилгарони синамо “Кӯраи тилоӣ”-ро як навъ машқи асосӣ пеш аз расми тақдими ҷоизаҳои “Оскар” медонанд, ки қарор аст, рӯзи 24 феврал дарҲолливуд дар толори синамои Dolby (собиқ Kodak) доир шавад. Барои дарёфти ҷоизаи беҳтарин филм – ҷоизаи асосии “Оскар” - дар маҷмӯъ 9 филм пешниҳод шудаанд, вале ба бовари ағлаб рақобат зоҳиран боз ҳам миёни “Арго”, “Линколн”, “Ҷангои озодшуда”, “Ҳаёти Пӣ” ва “Ҳадафи рақами як” сурат мегирад. Вале дарёфти ду ҷоизаи муҳими “Кӯраи тилоӣ”, ба бовари нозирон, шонси “Арго” барои пирӯзӣ бар ин рақибонаш дар сабқати ҷоизаҳои “Оскар”-ро хеле бештар мекунад.