Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амри артиши Ҳинд ба посух ба "иғво"-ҳо дар Кашмир


Фармондеҳи артиши Ҳинд дар пешорӯи музокироти имрӯзаи мақомҳои низомии Ҳинду Покистон ба нирӯҳояш дар ҳошияи марзи Кашмир амр дод, ки ба ҳар навъ иғво посух диҳанд. Генерал Бикром Сингҳ имрӯз гуфт, интизор дорад, фармондеҳонаш агрессивӣ хоҳанд буд ва “дар сурати иғво, ман интизор дорам, ки фармондеҳони ман посух хоҳанд дод.” Танишҳо дар хатти назоратие, ки Кашмирро байни Ҳинду Покистон ҷудо мекунад, аз оғози сол дар пайи ҳалокати дусарбозӣ аз ҳарду ҷониб дигарбора буруз кард.
XS
SM
MD
LG