Дар чорчӯби афви Гурҷистон, ки рӯзи якшанбе ба ҳукми иҷро даромад, тахминан 190 маҳбус аз зиндон раҳо шуданд. Онҳоро парламенти Гурҷистон ҳамчун “маҳбуси сиёсӣ” эътироф кардааст. Пешбинӣ мешавад, ки ҳафтаҳои оянда бар пояи ин афв наздик ба 3000 маҳбус озод мешаванд. Афроде, ки рӯзи якшанбе озод шудаанд, ҳамагӣ ба хотири ширкат дар гирдиҳамоиҳои сиёсии мухолифини ҳукумати Гурҷистон дар солҳои 2005-2011 аз озодӣ маҳрум шуда буданд. Бар илова чанде аз онҳо бо ҷурми ҷосусӣ ба нафъи Русия зиндонӣ шуда буданд. 27-уми декабр президенти Гурҷистон Михеил Саакашвилӣ аз имзои бахши “маҳбусони сиёсӣ”-и афв даст кашид. Вале баъди як рӯз парламент ветои президентиро аз эътибор соқит кард. Рӯзи 11-уми январ мӯҳлати ниҳоии имзои афв буд, вале Саакашвилӣ онро имзо накард. Баъд аз ин раиси парламент Давид Усупашвилӣ ба ҷои ӯ афвро тасдиқ кард.