Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳинд қатли ду сарбозашро шадидан маҳкум кард


Ҳинд қатли ду сарбозаш аз сӯи нирӯҳои Покистон дар минтақаи баҳсии Кашмирро бо як лаҳни хашмолуд маҳкум кард ва сафири Исломобод дар Деҳлии навро барои ташреҳ ба ҳузур хонд. Аммо вазири хориҷаи Ҳинд Салмон Хуршед гуфт, қазия набояд “ташдид” дода шавад. Артиши Ҳинд мегӯяд, нирӯҳои Покистон рӯзи сешанбе вориди қаламрави Ҳинд шуда, ду сарбозро куштанд. Покистон даст доштани нирӯҳояш дар ягон ҳамларо радд мекунад ва мегӯяд, ҳадаф аз ин “пропаганда” дур бурдани таваҷҷӯҳ аз ҳамлаи рӯзи якшанбеи нирӯҳои Ҳинд ба як посгоҳи Покистон аст, ки як сарбози покистониро кушта ба ҷо гузошт.
XS
SM
MD
LG