Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муттаҳам ба ҳамла ба консулгарии Амрико раҳо шуд


Додгоҳи Тунис ягона муттаҳам ба ҳамлаи маргбор ба консулгарии Амрико дар шаҳри Бенғозии Либияро раҳо кардааст. Вакили дифоаш гуфт, ки додгоҳ бинобар наёфтани ҳеҷ далели даст доштани Алии Ҳарзӣ дар ҷиноят, ӯро озод кард. Ин шаҳрванди Тунисро баъди ҳамлаи рӯзи 11 сентябри соли гузашта ба консулгарии Амрико дар Бенғозӣ дар Туркия дастгир карданд, ки дар он ҳамла Крис Стивен, сафири Иёлоти Муттаҳида ва се диломати дигари амрикоӣ кушта шуданд. Алӣ Ҳарзиро Туркия ба Тунис истирдод кард, ки дар инҷо ӯро ба “узвият ба гурӯҳи террористии хориҷӣ” муттаҳам мекарданд. Мақомоти Тунис мегуфтанд, ки ба эҳтимоли қавӣ, Алӣ Ҳарзӣ дар ҳамла ба консулгарӣ даст дорад. Моҳи гузашта маъмурони Хадамоти Таҳқиқоти Федеролии Амрико Алии Ҳарзиро дар ҳузури додрасҳои тунисӣ бозпурсӣ карданд. Алӣ Ҳарзӣ ба шарти тарк накардани Тунис раҳо шудааст, чун ҳанӯз ҳам ба узвият дар созмони террористӣ муттаҳам дониста мешавад.
XS
SM
MD
LG