Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табрикоти Путин ба Раҳмон ва зикри созишҳои моҳи октябр


Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия бо ирсоли нома ба президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон тамоми мардуми кишварро бо Соли нави милодӣ табрик гуфтааст.

Тавре дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Русия, рӯзи 31-уми декабр иттилоъ медиҳад, Владимир Путин дар номаи табрикотиаш ба Эмомалӣ Раҳмон созишҳои Душанбе ва Маскавро, ки моҳи октябри соли 2012 ҳосил гардидаанд, махсус қайд кардааст.

Владимир Путин изҳори боварӣ намудааст, ки татбиқи мунтазами созишҳои моҳи октябр ҳосилшуда, шарикии мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Русияро мустаҳкамтар хоҳад кард.

Ин дар ҳолест, ки аз созишномаҳои дар моҳи октябр имзонамудаи Тоҷикистон ва Русия, то ҳол ягонтоашон ба тасвиб нарасидаанд. Аз ҷумла аввали октябр дар ҷараёни сафари Путин ба Душанбе, созишнома дар бораи тамдиди ҳузури пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон барои 30 соли дигар имзо шуда буд, ки парлумони Тоҷикистон онро то ҳол ба тасвиб нарасондааст.

Баробари ин моҳи октябр Гул Шералӣ ва Александр Новак, вазирони энергетика ва саноати Тоҷикистону Русия ёддошти тафоҳум имзо карданд, ки бар асоси он бояд боҷи гумрукии фаровардаҳои нафтӣ барои Тоҷикистон лағв мегардид.

Инчунин дар ҷараёни сафари Путин ба Душанбе, раҳбарони хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ва Русия, Сафиаллоҳ Девонаев ва Константин Ромадановский, ёддошти тафоҳум дар бораи рушди ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷиратро ба тасвиб расонида буданд. Бино бар он, Русия муҳлати иқомати беқайди муҳоҷирони кории тоҷикро, ки ҳудуди се рӯз мебошад, тамдид хоҳад кард. Қарор аст, мӯҳлати ҳузури беқайди муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба 15 рӯз расад ва судури иҷозаи кор барои онҳо аз як сол ба се сол дароз карда шавад.

Маросими имзои созишномаҳо миёни Тоҷикистон ва Русия ( моҳи октябри соли 2012)

Пойгоҳи 201-и Русия 30 соли дигар мемонад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:18 0:00
XS
SM
MD
LG