Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ва Миср вазъи Сурияро баҳс карданд


 Муҳаммад Амр ва Сергей Лавров
Муҳаммад Амр ва Сергей Лавров
Рӯзи ҷумъа дар Маскав вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров бо вазири корҳои хориҷии Миср Муҳаммад Амр вохӯрда, аз ҷумла бӯҳрони Сурияро баррасӣ намуд. Баъди мулоқот Лавров гуфт, ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд тақозои истеъфои президенти Сурия Башор ал-Асадро канор гузошта, шароит барои музокироти тарафҳои даргирро фароҳам орад:
Ҷомеаи ҷаҳонӣ набояд кадом яке аз тарафҳоро ба идомаи хунрезӣ гузоштани пешшарти музокирот ташвиқ кунад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ҷонибҳоро ба иҷрои Эъломияи Женева водор намояд.”
Моҳи июни соли равон дар Женева намояндагони панҷ кишвари узви доимии Шӯрои Амнияти СММ ва як идда мамолики Ховари Миёна Эъломияе ба тасвиб расонда, силсилаи чорабиниҳо ба хотири ташкили ҳукумати давраи гузариши Сурияро тарҳрезӣ намудаанд. Рӯзи шанбе фиристодаи хоси СММ ва ҷомеаи кишварҳои араб Ахзар Иброҳимӣ дар Маскав бо вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров вазъи Сурияро баҳс мекунад.
XS
SM
MD
LG