Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лимити қарзи Амрико 31 декабр пур мешавад


Вазорати дороии Амрико ҳушдор дод, ки ин кишвар рӯзи 31 декабр 16,4 триллион доллар лимити қарзи аз сӯи Конгресс таъйиншудаашро пур хоҳад кард. Вазири дороӣ Тимотӣ Гейтнер дар номае ба аъзои Конгресс навишт, ки вазорати ӯ ба манзури ҳифзи 200 миллиард доллар «тадобири фавқулодда»-е омода кардааст, то ки давлати Амрико барои тақрибан ду моҳи дигар аз иҷрои ӯҳдадориҳояш дасткӯтоҳӣ накунад. Раисиҷумҳур Барак Обама ҳам таътилаш дар Ҳавайяро барвақттар қатъ карда, ба Вошингтон бармегардад, то имрӯз музокироти роҳҳои пешгирӣ аз «шикофи молиёт»-ро аз сар бигирад. Агар Кохи Сафед ва Конгресс бар сари будҷа тавофуқ накунанд, коҳиши хароҷот ва афзоиши андозҳо ба маблағи беш аз 600 миллиард доллар ба таври автоматӣ ба иҷро медарояд, ки ин метавонад иқтисоди Амрикоро дигарбора ба хатари пасрафт рӯбарӯ кунад.
XS
SM
MD
LG