Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имсол ба Тоҷикистон 3,3 миллиард $ фиристодаанд


Вазорати иқтисоди Тоҷикистон мегӯяд, дар 10 моҳи соли ҷорӣ аз хориҷ ба кишвар 3,3 миллиард доллар ворид шудааст, ки назар ба як соли қабл 305 миллион доллар, ё 11 фоиз бештар аст. Соли гузашта муҳоҷирони тоҷик умдатан аз Русия ба ватан 2,9 миллиард доллар пул фиристода буданд, ки баробари қариб нисфи маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон баровард мешуд.
Бино ба ин омор, имсол 825 000 нафар аз Тоҷикистон барои кор ба хориҷ рафтаанд. Оморҳои ғайрирасмӣ шумори мардикорони тоҷикро дар хориҷ беш аз 1 миллион нафар баровард мекунад.
XS
SM
MD
LG