Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири ИМА барои раҳоии Қувватов ваъдаи кӯмак кардааст


Умар Сайф Гобаш-сафири Имороти Муттаҳидаи Араб дар Русия гуфтааст, ки барои раҳоии Умаралӣ Қувватов кӯмак хоҳад кард.

Иззат Амон-раиси созмони ҷавонони муҳоҷири тоҷик дар Русия ба радиои Озодӣ гуфт, ки 25 декабр ӯро сафири Имороти Муттаҳидаи Араб уро ба ҳузур пазируфта дар мавриди боздошти Умаралӣ Қувватов-раиси «Гуруҳи 24» суҳбат кардааст. Ин созмон аз мухолифони давлати Тоҷикистон ба шумор меравад.

Сафир гуфтааст, ки аз боздошти Умаралӣ Қувватов аз тариқи хабари расонаҳо огоҳӣ ёфтааст ва гуфтааст, ки боздошти вай сиёсӣ аст на масъалаи иқтисодӣ.

Ба гуфтаи Иззат Амон, Умаралӣ Қувватов аз тариқи созмони Интерполи Дубай боздошт шудааст.
XS
SM
MD
LG